Июн 24, 2021 09:09 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳе аз рӯзноманигорони эронӣ дучори садама шуданд
    Гурӯҳе аз рӯзноманигорони эронӣ дучори садама шуданд

Сухангӯи умури хориҷаи Эрон, дар Твиттер ҷон бохтани гурӯҳе аз хабарнигорон дар ҳодисаи вожгунии автобуси хабарнигорон дар наздикии шаҳристони Пироншаҳри устони Озарбойҷони ғарбиро тасаллият гуфт.

Ба гузориши ИРНА, " Саид Хатибзода" сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон бо интишори Твиттер дар вокуниш ба ҳодисаи вожгунии автобуси хабарнигорон дар наздикии шаҳристони Пироншаҳри устони Озарбойҷони ғарбӣ навишт: Дар канори ҳамкоронам дар ҷомеъаи расонаии кишвар сугвор ҳастем.

Хатибзода афзуд: Барои маҷрӯҳони ин ҳодисаи ғамангез низ орзӯи саломатӣ ва шифоӣ оҷил дорам.

25 нафар аз хабарнигорони расонаҳои эронӣ субҳи чаҳоршанбе барои боздид аз тарҳҳои ситоди эҳёи Урумия дар ғарби Эрон, озими Пироншаҳр шуданд, ки автобуси онон дар 15 километрии ин шаҳристон дучори ҳодиса шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп