Паёми табрики раиси ҷумҳӯрии Австрия ба раиси ҷумҳӯрии мунтахаби Эрон
Раиси ҷумҳӯрии Австрия дар паёме ба раиси ҷумҳӯрии мунтахаби Эрон табрик гуфт ва бар тадовуми муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббоси Боқирпури Ардаконӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Вена имрӯз ( панҷшанбе ) дар тветте аз паёми табрики Александр Фандерблин-раиси ҷумҳӯрии Австрия хитоб ба Сайидиброҳими Раисӣ- раиси ҷумҳӯри мунтахаби Эрон хабар дод.
Сафири Эрон дар Вена афзуд : Раиси ҷумҳӯрии Австрия дар паёми расмии худ ба Сайидиброҳими Раисӣ- раиси ҷумҳӯри мунтахаби Эрон пирӯзии вай дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эронро самимона табрик гуфт ва барои ӯ орзӯи муваффақият кард .
Ба навиштаи сафири Эрон дар Вена : Раиси ҷумҳӯрии Австрия дар ин паём ба ҳафт қарн робитаи дӯстонаи ду кишвар ишора карда ва бар тадовуми равобити ду ва чандҷониба дар ҳамаи заминаҳо таъкид кардааст .
Сездаҳумини даври интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон рӯзи ҷумъа 18 июни 1400 бо ҳузури пуршури мардум дар саросари Эрон ва ҳамчунин дар 133 кишвари хориҷӣ баргузор шуд.
Дар ин давр аз интихобот Сайидиброҳими Раисӣ бо беш аз 18 миллион раъй ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳӯри Эрон интихоб шуд.
Бештар бихонед :