Июн 26, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Иммуногенӣ будани беш аз 90 дарсади ваксинаи \
    Иммуногенӣ будани беш аз 90 дарсади ваксинаи \"Кув Эрон Баракат\"

Мудири пружаи тавлиди ваксинаи "Кув Эрон Баракат" эълом кард: иммуногении ваксинаи "Ков Эрон Баракат" беш аз 93 дарсад аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон "Ҳасан Ҷалилӣ " мудири пружаи тавлиди ваксинаи "Ков Эрон Баракат " гуфт: Дар  марҳилаи дуюми озмоиши клиникӣ; мизони иммуногении ваксина мавриди арзёбӣ қарор мегирад ва дар асоси санҷишҳои стандартҳои байналмилалӣ ва илмӣ, иммуногении ваксинаи "Кув Эрон Баракат" беш аз 93 дарсад ҳисоб карда шудааст.

Мудири пружаи тавлиди ваксинаи "Ков Эрон Баракат " дар хусуси асарбахшии ин ваксина илова кард: Бояд фазаи сеюми мутолиъоти клиникӣ ба поён бирасад то мизони асарбахшии ваксина ба таври дақиқ маълум шавад.

Ҷалилӣ ҳамчунин гуфт: Пешбинӣ мешавад дар чанд рӯзи оянда дар устони Теҳрон ва Албурз  ҳамаи касоне, ки вориди мутолиаи клиникӣ шудаанд дозаи дувуми худро дарёфт хоҳанд кард ва дар ҳафтаи оянда  ин иқдом дар сойири шаҳристонҳо низ анҷом хоҳад шуд.

Мутахассисон ва олимони Эронӣ, токунун муваффақ ба сохту тавлиди чанд навъи ваксина барои муқобила бо вируси корона шудаанд, ки бо таҳсини ҷомеъаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп