Қаҳрамонии варзишгари эронӣ дар Ҷоми ҷаҳонии гимнастика
(last modified Sat, 26 Jun 2021 06:46:37 GMT )
Июн 26, 2021 11:46 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Саид Ризо Кейхо\", миллипӯши гимнастикаи Эрон, дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар пирӯз шуд.

"Саид Ризо Кейхо", миллипӯши гимнастикаи Эрон, дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар пирӯз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Ризо Кейхо миллипӯши арзишманди жимнастики Эрон тавонист бо иқтидор дар финоли василаи хараки ҳалқаи Ҷоми ҷаҳонии Қатар қаҳрамон шавад.

Пас аз Кейхо гимнасти қазоқ дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт ва гимнасти ҷопонӣ, ки аслитарин ҳарифи Киха барои касби саҳмия маҳсуб мешавад сеюм шуд.

Бо ин натиҷа имтиёзоти Кейхо ва гимнасти ҷопонӣ дар дар рейтинг барои дарёфти квота баробар шуд. Таклифи квотаи олимпики Киха фардо  мушаххас хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Меҳдии Аҳмади Куҳанӣ, миллипӯши гимнастики ҳунарии Эрон дар марҳалаи финоли рақобатҳо  дар ҳалқаи Ҷоми ҷаҳонии Қатар ба иҷрои барнома пардохт ва тавонист ба медоли биринҷии ин рақобатҳо даст пайдо кунад.