Июн 27, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамчунон дар миёни 10 фулодсози бартари ҷаҳон

Анҷумани ҷаҳонии фулод гузориш дод: Эрон ҳамчунон дар миёни 10 фулодсози бартари ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, Анҷумани ҷаҳонии фулод аз идомаи ҳузури Эрон дар байни 10 кишвари тавлидкунандаи бартари фӯлоди ҷаҳон дар панҷмоҳаи нахусти соли ҷории мелодии 2021 хабар дод.

Созмони тавсеа ва навсозии маодин ва саноеи маъдании Эрон эълом кард, Анҷумани ҷаҳонии фулод (World Steel Association) дар тозатарин гузориши худ, номи бартарин кишварҳои фулодсози ҷаҳон ва мизони тавлиди маҳсули онҳо дар панҷ моҳи нахусти соли ҷории мелодиро мунташир кард.

Эрон бо тавлиди 12 миллиону 500 ҳазор тон фулоди хом тавонист ҳамчунон дар рутбаи даҳуми ҷаҳон биистад ва ҷойгоҳи худро дар миёни бартарин фулодсозони ҷаҳон ҳифз кунад.

Ин мизон тавлид ҳокӣ аз рушди 2, 9 дарсадии тавлиди фулоди хоми Эрон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузаштаи милодии 2020 аст.

Ин дар ҳоле аст, ки маҷмӯи тавлиди 64 фулодсози ҷаҳон дар панҷ моҳи нахусти соли 2021 мелодӣ ба 837 миллиону 500 ҳазор тон расид, ки афзоиши 5,14 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта нишон медиҳад.

Бар пояи ин гузориш, мизони тавлиди фулоди Эрон тайи моҳи майи 2021 мелодӣ шоҳиди рушди 7 . 7 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта буд ва 2 миллиону 600 ҳазор тон ба сабт расид.

Анҷумани ҷаҳонии фулод дар ин гузориш эълом кард, Чин, Ҳинд, Ҷопон, Амрико ва Русия панҷ фулодсози бартари ҷаҳон дар панҷ моҳи нахусти соли ҷории мелодӣ буданд.

Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Туркия ва Бразилия низ ба тартиб дар рутбаҳои шашум то нуҳуми тавлиди фулоди ҷаҳон дар 5 моҳаи нахусти соли 2021 мелодӣ қарор гирифтанд.

 

Барчасп