Ҷоми ҷаҳонии тирандозӣ дар Хорватия; Ба даст овардани медали тиллои хонуми эронӣ
Июн 28, 2021 11:17 Asia/Dushanbe
-
Ҷоми ҷаҳонии тирандозӣ дар Хорватия; Ба даст овардани медали тиллои хонуми эронӣ
Ормино Содиқиён намояндаи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии тирандозӣ дар Хорватия муваффақ ба касби медали тилло шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ормино Содиқиён якшанбешаб ва дар идомаи ин рақобатҳо, ҳарифи худ аз кишвари Русияро шикаст дод ва ба медали тилло расид.
Тими миллии занони Эрон бо таркиби Фотимаи Карамзода, Наҷма Хидматӣ ва Орминои Содиқиён дар марҳалаи муқаддамотӣ бо 625,5 имтиёз дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифт ва роҳии финал шуд.
Мусобиқоти тирандозии ҷоми ҷаҳонӣ аз 22 июн то 3 июл бо ҳузури 520 варзишкор аз 47 кишвари ҷаҳон ба мизбонии Хорватия дар ҳоли баргузарист.
Барчасп