Октябр 31, 2016 15:06 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои ҳимояти Эрон аз Толибон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои ҳимояти ҷумҳурии исломӣ аз гурӯҳи террористии Толибонро дуруғе ошкор, берабт ва нодуруст донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз бо радди иддаои Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибони Афғонистон мабнӣ бар ҳимояти Теҳрон аз ин гурӯҳ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон дар миёни кишварҳои минтақа ҳамвора дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ нақши пештоз дошта ва дар ин мубориза токунун ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии бисёре пардохт кардааст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои сухангуи Толибонро иқдоме аз пеш тарроҳишуда ба дастури ҳомиёни террористпарвари ин гурӯҳ террористӣ донист, ки бо ҳадафи ошуфта кардани афкори умумӣ ва эронҳаросӣ баён шудааст .

Қосимӣ афзуд: Тарҳи ин дуруғҳо талоше ноком барои мунҳариф кардани афкори умумии ҷаҳон аз ҷиноёти Оли Сауд дар куштори мардуми бегуноҳи Яман аст .