Июн 28, 2021 12:24 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Сардашт рамзи истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи ғайринизомиён аст
    Зариф: Сардашт рамзи истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи ғайринизомиён аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардаштро намоди бакоргирии силоҳи кимbёвӣ алайҳи ғайринизомиён ва манотиқи маскунӣ дар даврони муосир донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, режими баъси  Ироқ дар 28 июни 1987 бо истифода аз бомбаҳои кимиёвии чаҳор нуқтаи пуриздиҳоми Сардашт ( шимоли ғарби Эрон )-ро бомбаборон кард, ки дар ин ҳамла  119 нафар аз сокинони ғайринизомии ин шаҳр  шаҳид ва беш аз ҳашт  ҳазор нафар низ дар маърази газҳои заҳролуд қарор гирифтанд ва дучори масдумият кимиёвӣ шуданд.

«Муҳаммад  Ҷаводи Зариф» вазири умури хориҷаи Эрон  рӯзи душанбе  зимни гиромидошти ёду хотираи ҷонбохтагони кимиёвӣ фоҷеъаи бомбаборони шаҳри Сардашт тасреҳ кард: Ҷонбозони азизи кимиёвии мо дубор  қурбонии сиёсатҳои зиддибашарии бархе давлатҳои ғарбӣ шуданд; якбор дар фурӯши маводи кимиёвӣ ва фанноварии сохти силоҳи ҳастаӣ ба Саддом ва дигаре эъмоли ваҳшиёнатарин таҳримҳои зиддибашарӣ дар даврони Трамп ва монеъи ирсоли дору ва таҷҳизоти пизишкӣ барои костан аз  ҷонбозони азизи кимиёвии мо шуданд.

Зариф илова кард:  "Бо вуҷуди талошҳои мо ва ҳамкории Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ, маъмурияти нави ИМА ҳанӯз аз сиёсати нокоми маъмурияти қаблӣ даст накашидааст ва таҳримҳои ғайриқонунии собиқадорони ҷанги химиявии моро идома хоҳад дод."

Зариф афзуд: "Интизор меравад, ки кишварҳои узви Конвенсияи силоҳи кимиёвӣ дар пайи аз байн бурдани силоҳи кимиёвӣ ва ҳамагонии Конвенсия пайравӣ кунанд, ӯҳдадориҳои худро тибқи муқаррароти дахлдори Конвенсияи силоҳи кимиёвӣ иҷро кунанд ва ӯҳдадориҳои худро тибқи қатъномаҳои Конфронси Давлатҳои ширкаткунанда оид ба Шабакаи Байналмилалии Ҳифзи Ҷабрдидагони Силоҳи Химиявӣ ва Фонди Кӯмаки Силоҳи Химиявӣ иҷро кунанд. Бӯҳрони ҷаҳонӣ, ки вируси Ковид-19 ба вуҷуд овардааст, бори дигар зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро барои рафъи бӯҳронҳои ҷаҳонӣ таъкид мекунад ва тадбирҳои якҷонибаро бесамар ва маҳкумшуда мешуморад.

Шаҳристони Сардашт бо ҷамъияти 120 ҳазор нафарӣ дар ҷануби Озарбойҷони ғарбӣ воқеъ шуда ва бо кишвари Ироқ  100 километр  марзи муштарак дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп