Баргузории ҳамоиши форсиомӯзони испанӣ дар Мадрид
(last modified Wed, 30 Jun 2021 04:38:38 GMT )
Июн 30, 2021 09:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши форсиомӯзони испанӣ дар Мадрид

Ҳамоиши забономӯзони форсӣ ва поёни соли таҳсилии давраҳои омӯзиши забони форсии Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Мадрид, пойтахти Испания асри сешанбе дар маҳали ин сафоратхона баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Қашқоӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Испания дар ин маросим бо мурӯр бар сайри татаввури забони форсӣ ва низ маҳдӯдаи ҷуғрофиёии ин забон, бар вусъати ҳавзаи таъсиргузории забону фарҳанги форсӣ дар ҷаҳон таъкид кард.

Муҳаммадмаҳдии Аҳмадӣ, ройзани фарҳангии сафорати Эрон низ дар суханоне зимни қадрдонӣ аз устодони давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Испания ба табйини вижагиҳои забони форсӣ пардохт.

Аҳмадӣ гуфт, камтар забонеро дар ҷаҳон метавон ёфт. ки дар он гӯишварон битавонанд мутӯни қарнҳои пеши худро бихонанд ва мафҳӯми онро ба хубӣ дарк кунанд.

Дар ҳошияи ин маросим намоишгоҳе аз кутуби омӯзиши забони форсӣ ва бархе мутӯни куҳан барпо шуд, ки мавриди тавваҷуҳи ширкаткунандагон қарор гирифт.

 

Бештар бихонед: