Июн 30, 2021 17:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эъмоли таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон терроризми иқтисодӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми давлати Амрико дар хуруҷ аз БарҶом ва эъмоли таҳримҳои золимона зидди Ҷумҳурии исломии Эронро терроризми иқтисодӣ хонд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо баёни ин ки дар се соли гузашта мардуми Эрон бо терроризми иқтисодии Амрико мувоҷеҳ буданд, афзуд: Коре, ки раиси ҷумҳурии пешини Амрико зидди Эрон кард, аз ҷанг болотару терроризми иқтисодӣ зидди беморон ва ҳатто афроди солманд буд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба таъкиди мақомоти давлати ҷадиди Амрико барои бозгашт ба БарҶом низ гуфт: Мардуми Эрон таваққуъ доранд ин кор зудтар иҷро шавад.

Рӯҳонӣ бо эъломи ин ки барои ҷаҳониён равшан шуд, ки Эрон ҳеч гоҳ ба дунболи силоҳи куштори ҷамъӣ, кимиёӣ, микробӣ ва ҳастаӣ набудааст, тасреҳ кард: БарҶом санаде аст, ки нишон медиҳад Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, балки ба дунболи фаъолиятҳои ҳастаӣ барои мақосиди сулҳомез аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ёдоварии фоҷеаи ҳафтуми тири 1360 (28 июни 2019) гуфт: Кишварҳои ғарбӣ ва Мунофиқин ба унвони муздурони онҳо, бо тарроҳии ин тавтеа шуморе аз масъулони мумтози Ҷумҳурии исломии Эронро ба шаҳодат расонданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба бомбаборони шимиёии шаҳри Сардашт, шимоли ғарби Эрон дар соли 1366 (28 июни 1987) тавассути артиши режими баъси Ироқ низ ишора карду афзуд: Артиши режими баъси Ироқ аз анвои силоҳҳои шимиёӣ дар майдони ҷанг зидди Эрон истифода кард ва маҷмӯан  ҳазор масдуми шимиёии ҷанг дар Эрон ҳузур доранд, ки бахшҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бояд ҳамаи тавони худро барои пайгирии шикояти онон дар мароҷеи байналмилалӣ ба кор гиранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп