Баргузории ҳамоиши "Сӯги сурудаҳои Дашти Барчӣ" дар Машҳад
Ҳамоиши “Сӯги сурудаҳои Дашти Барчӣ” дар Машҳади муқаддас баргузор мешавад.
Ҳамоиши “Сӯги сурудаҳои Дашти Барчӣ” ба муносибати ёдбуди шуҳадои мактаби Сайидушшуҳадои Кобул рӯзи даҳуми тирмоҳи 1400 дар Машҳади муқаддас баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш, ки ҳамзамон бо ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ баргузор мегардад, мавзӯи ҳуқуқи башари амрикоӣ дар Афғонистон ва абъоди мухталифи ҷиноёти давлати Амрико дар ин кишвар мавриди нақду баррасӣ қарор мегирад.
Қадрдонӣ аз хонаводаи шуҳадои мактаби Сайидушшуҳадои Кобул ва баргузории шаби шеъри шоирони афғонистониву эронӣ бо мавзӯи “Ғунчагони мазлуми Афғонистон” яке дигар аз барномаҳои ин ҳамоиши якрӯза аст, ки ба ҳиммати Муассисаи пажӯҳишии фарҳангии инқилоби исломӣ, дар Машҳади муқаддас баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш китоби “Бо корвони шеъри форсӣ” муаррифӣ ва рӯнамоӣ мешавад. Ин китоб дарбардорандаи ашъори шоирони порсигӯи ғайриэронӣ аст, ки тайи солҳои мухталиф дар маҳзари Раҳбари муаззами инқилоб қироат кардаанду Интишороти Инқилоби Исломӣ онро мунташир кардааст.