Хатибзода : Воридоти ваксинаи корона идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i69814-Хатибзода_Воридоти_ваксинаи_корона_идома_дорад
Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон аз идомаи воридоти ваксинаи корона хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 01, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода : Воридоти ваксинаи корона идома дорад

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон аз идомаи воридоти ваксинаи корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,   Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт : Сиёсати иблоғии давлат воридоти ваксинаи корона то арзаи кофии ваксинаи тавлиди дохил буда ва воридоти қобили тавваҷуҳи ваксина дар ҳафтаҳои оянда идома пайдо мекунад .
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон афзуд : Вазорати умӯри хориҷа нақши аввалро дар таъмини ваксинаи хориҷӣ ва интиқоли фанноварии тавлиди ваксинаи дохилӣ дошт .
Ҳамзамон бо судури муҷаввизи истифода аз ду ваксинаи эронии корона ( Кув Эрон баракат ва Постукук ) ва тавлиди ваксинаи Спутники русӣ дар Эрон, воридоти ваксина аз манобеи хориҷӣ низ анҷом мешавад .
Бинобар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ваксинасияи умумии корона дар Эрон то поёни соли ( 1400 шамсӣ ) ба поён мерасад .



Бештар бихонед :