Бурҷи Радкан, шоҳкори таърихии гоҳшумории Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i69950-Бурҷи_Радкан_шоҳкори_таърихии_гоҳшумории_Эрон
Бурҷи таърихии Радкан асари риёзидон, ситорашинос ва донишманди бузурги Хуросон, Ҳаким Хоҷа Насирддин Тусӣ аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 04, 2021 15:56 Asia/Dushanbe

Бурҷи таърихии Радкан асари риёзидон, ситорашинос ва донишманди бузурги Хуросон, Ҳаким Хоҷа Насирддин Тусӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Бурҷи Радкан дар қарни ҳафтум, соли 660 ҳиҷрии қамарӣ, ҳамзамон бо итмоми сохти расадхонаи Мароға сохта шудааст.

Бурҷи таърихии Радкан танҳо бурҷе аст, ки тавоноии таъини чаҳор фасл, эътидоли баҳорӣ ва  тирамоҳӣ, соли кабиса ва оғози Наврӯзро дорад.

Гуфта мешавад, ки Хоҷа Насириддини Тӯсӣ ба кумаки бурҷи Радкан ва бурҷи Аханган (Akhangan), фосилаи замин то моҳро муҳосиба кардааст.

 

Бештар бихонед: