Охирин омори корона дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 165 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта 165 бемори Ковид 19 фавт карданд ва маҷмуи фавтиҳои ин беморӣ дар кишвар ба 84 ҳазору 792 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 781 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба се миллиону 254 ҳазору 818 нафар расид.
Бар асоси ин гузориш, токунӯн ду миллиону 926 ҳазору 266 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод токунӯн 23 миллиону 967 ҳазору 488 озмоиши ташхиси Ковид 19 дар кишвар анҷом шудааст.
Вазорати беҳдошт, ҳамчунин эълом кард, токунӯн 4 миллиону 463 ҳазору 565 нафар доз(воя)-и аввали ваксинаи корона ва як миллиону 988 ҳазору 380 нафар низ дози дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинаҳои тазриқ шуда дар Эрон ба 6 миллиону 451 ҳазору 945 доз расид.
Бештар бихонед:
- Тасвирҳои густариши ҷадиди корона
- Риоят накардан шеваномаҳои беҳдоштӣ далели аслии шуюи дубораи корона дар Тоҷикистон