Июл 05, 2021 09:48 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон бо раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон телефонӣ ройзанӣ карданд.
    Нахуствазири Покистон бо раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон телефонӣ ройзанӣ карданд.

Нахуствазири Покистон бо раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон телефонӣ ройзанӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарвазири Покистон Имрон Хон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти тозаинтихоби Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ӯро бо интихоб шуданаш аз ҷониби мардуми Эрон табрик гуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти рӯ ба рӯ бо раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ба зудӣ имконпазир хоҳад буд.

Сарвазири Покистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сайид Иброҳими Раисӣ бо ишораи мавзӯъоти муштараки фи  мо байн гуфт: Нигарони вазъияти Афғонистон ва даргир шудани ин кишвар дар ҷанги тӯлонимуддат ҳастем.

Имрон Хон, беҳтарин  роҳи ҳал барои Афғонистонро роҳи ҳалли сиёсӣ донист ва дастёбӣ ба онро дар шароити кунунӣ душвор қаламдод кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, низ дар ин гуфтугӯ  зимни ибрози ташаккур аз тамоси телефонӣ ва паёмҳои табрикотӣ изҳори ташаккур кард ва гуфт, ки робитаҳои ба ҳам пайвастаи ду миллат ва зарфиятҳои васеъ ва мухталифи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун як платформаи хубе барои густариши ҳамкорӣ дар ин кишвар мебошанд.

Раисӣ тавфиқоти давлати дӯсту миллати бародари Покистонро тавфиқоти давлат ва миллат Эрон донисту афзуд: " эътимоди мутақобил " ва " иттакои ҳамафзо " миёни кишварҳои минтақа, ду рукни аслии суботу пойдории "муносиботи ҳамсоягӣ " аст.

Раисҷумҳури мунтахаби Эрон гуфт: Дар дипломатияи иқтисодии давлати ҷадид ба ҳамаи зарфиятҳои иқтисодии ҳамсоягон ба унвони фурсатҳои арзишманд ҳамкорӣ нигариста мешавад ва ба ҳамин ҷиҳати ҳеч зарфияти иқтисодӣ мавриди ғафлат қарор намегирад.

Раисӣ гуфт, ки ба даст овардани "амнияти устувор" танҳо тавассути иштироки кишварҳои минтақа имконпазир аст ва афзуд, ки таҷриба нишон дод, ки хориҷиён бо баҳонаи эҷоди амният тухми ноамнӣ мекоранд.

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон, Фаластинро рамзи ҳамгаройии ҷаҳони ислом унвон карда ва дифои муассиру мустамар аз миллати мазлуми Фаластинро зомини " пойдории амнияти минтақавӣ " донист.

Раисӣ ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз вазъият Афғонистон гуфт: Амнияти Афғонистон барои мо муҳим аст ва ин амният бояд тавассути афғонистониҳо барқарор шавад.

Барчасп