Вазири умури хориҷаи Эрон даргузашти "Аҳмад Ҷабраил"-ро тасаллият гуфт
(last modified Thu, 08 Jul 2021 05:57:10 GMT )
Июл 08, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Аҳмад Ҷабраил дар синни 83-солагӣ дар бемористоне дар Димишқ даргузашт
    Аҳмад Ҷабраил дар синни 83-солагӣ дар бемористоне дар Димишқ даргузашт

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, даргузашти дабири кулли Фронти халқии озодии Фаластин (фармондеҳии кулл)-ро тасаллият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, вазири умури Эрон " Муҳамад Ҷаводи Зариф " дар паёме даргузашти " Аҳмад  Ҷабраил " дабири кулли Фронти халқии озодии Фаластин ( фармондеҳии кулл )-ро таслият гуфт.

Дар паёми Зариф омадааст, миллати мазлуми Фаластин, муҷоҳид ва муборизи бузургеро аз даст дод, ки умри худро сарфи мубориза барои озодии Қудси шариф кард.

Зариф дар паёми худ фавти " Аҳмад  Ҷабраил"-ро инҷониб ба хонавода, раҳбарону аъзои Фронти халқ барои озодии Фаластин ( фармондеҳии кулл ) тасаллият гуфт.

«Аҳмад Ҷабраил », дар сини 83 солагӣ дар бемористоне дар Димишқ  даргузашт. Аҳмади Ҷабраил дар соли 1938  аз падари фаластинӣ ва модари суриягӣ дар деҳаи Язураи шаҳри Ҷаффаи Фаластин таваллуд шудааст. Ҷабраил соли 1956 ба коллеҷи ҷанги Миср дохил шуд ва соли 1959 онро хатм кард ва сипас ба ҳайси афсар ба артиши Сурия пайваст.

Ҳамзамон бо он фаъолияти махфии худ барои тақвияти муқовимат дар миёни фаластиниёни муқими Сурияро оғоз ва дар ниҳоят  Фронти халқии озодии Фаластинро таъсис кард.

Ҷабраил, дар ҷараёни нооромиҳои Сурия дар канори меҳвари муқовимат ва артиши Сурия ба муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ пардохт.

Ҷабраил дар бахше аз суханонаш дар бора Имом Хумайнӣ ( раҳ ) мегӯяд: Сайид Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ тавонист ҷаҳони исломро аз хоб бедор карда   ба мусулмонон  ҳаёти ҷадиде бибахшад.

 

Бештар бихонед :