Зариф: Эрон ҳамвора дар канори мардуми мазлуми Босния ва Ҳерзеговина будааст
(last modified Mon, 12 Jul 2021 06:23:45 GMT )
Июл 12, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ҳамвора дар канори мардуми мазлуми Босния ва Ҳерзеговина будааст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме, ки аз сӯйи намояндаи вижаи Эрон дар ойини гиромидошти бистушашумин солгарди наслкушии Сребренитса қироат шуд, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ифтихор дорад, ки аз ибтидои истиқлоли Босния ва Ҳерзеговина дар канори мардуми мазлуми ин кишвар қарор доштааст.

Ба гузориши ИРНА, дар паёми Муҳаммадҷаводи Зариф, ки рӯзи якшанбе аз сӯйи Иброҳими Тоҳириён, намояндаи вижаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури намояндагоне аз кишварҳои мухталиф дар ойини гиромидошти солгарди қурбониёни Сребренитса қироат шуд, омадааст: Ҷумҳурии исломии Эрон ифтихор дорад, ки аз ибтидои истиқлоли кишвари Босния ва Ҳерзеговина дар канори мардуми мазлуми ин кишвар қарор дошта ва дар ин роҳ аз ҳеч гуна кумаке дареғ наварзидаву ҳамчунон низ худро нисбат ба ҳимоят аз истиқлол, тамомияти арзӣ ва ҳамзистии мусолиматомези ҳамаи ақвом дар кишвари Босния ва Ҳерзеговина мутааҳҳид медонад.

Дар бахши дигаре аз ин паём омадааст: Ҳаводиси июли 1995 яке аз фаслҳои торики таърихи муосири башарият аст, агарчӣ ин ҳодиса набояд маншаи эҷоди танаффур байни ақвом шавад, вале дар айни ҳол ҳаргиз набояд фаромӯш шавад.

Зариф дар ин паём афзудааст: Агарчӣ аҳкоми додгоҳи ҷиноёти ҷангии Югославияи собиқ ва механизми парвандаҳои боқимондаи додгоҳҳои байналмилалии ҷиноӣ гомҳои муҳиме дар масири иҷрои адолат маҳсуб мешавад, лекин Сребренитса ҳамчунон захме бар виҷдони башарият аст, ки бисёре аз бозмондагони қурбониён, модарони сребренитсоӣ ва оворагон аз он ранҷ мебаранд.

Шаҳри Сребренитса, ки аксарияти онро мусулмонон ташкил медиҳанд ва ба унвони минтақаи амн таҳти ҳифозати сарбозони ҳоландии Созмони Милали Муттаҳид қарор дошт, дар ёздаҳуми июли 1995 аз сӯйи нерӯҳои серб ба фармондеҳии генерал Ратко Младич бидуни муқовимати нерӯҳои Созмони Милали Муттаҳид тасарруф шуд ва ба дунболи он беш аз 8 ҳазор нафар дар ин шаҳр қатли ом шуданд ва ҳанӯз пайкари бархе аз куштаҳо пайдо нашудааст.

 

Бештар бихонед: