Сафари сафири Арманистон ба Арок; густариши ҳамкориҳои иқтисодии Теҳрон - Ереван
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i70426-Сафари_сафири_Арманистон_ба_Арок_густариши_ҳамкориҳои_иқтисодии_Теҳрон_Ереван
Сафири Арманистон дар Эрон бо сафар ба шаҳри саноатии Арок, маркази устони марказӣ, бо зарфиятҳои саноатӣ ва иқтисодии ин шаҳр бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ошно шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2021 10:02 Asia/Dushanbe

Сафири Арманистон дар Эрон бо сафар ба шаҳри саноатии Арок, маркази устони марказӣ, бо зарфиятҳои саноатӣ ва иқтисодии ин шаҳр бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ошно шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, «Арташес Туманиан » сафири Арманистон дар Теҳрон 11 июл дар сафари якрӯза ба Арок аз чаҳор воҳиди саноатӣ боздид ва дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии устони марказӣ ширкат кард.

Вай дар ҳошияи ин боздидҳо гуфт,  ҳамкории Арманистон бо Эрон дар абъоди мухталиф ба вижа  иқтисодӣ аҳамияти фаровоне дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни кишварҳои ҳамсояи Арманистон аз ҷойгоҳи хубе бархурдор аст.

Сафири Арманистон дар Эрон тасреҳ кард, бозаргонони эронӣ молҳои худро ба роҳатӣ ба Арманистон содирот мекунанд ва Эрону Арманистон бо фароҳам кардани механизмӣ коромад метавонанд колоҳои худро ба кишварҳои дигар ҳам содир кунанд.

 

Бештар бихонед: