Июл 13, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон изҳороти зиддиэронии дабири кулли НАТО-ро маҳкум кард
    Эрон изҳороти зиддиэронии дабири кулли НАТО-ро маҳкум кард

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Брюссел шаби душанбе изҳороти шадид пахш карда, изҳороти зиддиэронии Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) -ро ҳангоми мулоқот бо вазири умури хориҷии режими саҳюнистиро маҳкум кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин баёния тасреҳ кард, ҷудо аз вақоҳати мавриди ниёз барои баёни чунин матолибе, нафси истодан дар канори намояндаи режиме, ки узви муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаии (Эн Пи Ти - NPT ) ва ҳеч тавофуқи байналмилалии халъи силоҳ нест ба афзоиши эътибори иддаои дабирикулли НАТО кумаке намекунад.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин баёния бо таъкид бар ин ки изҳороти дабири кулли НАТО,  гумроҳкунанда ва инҳирофи ғайримасъулонаи воқеиятҳост хотирнишон кард, Эрон узви мутаъаҳҳиди муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва Конвенсияи силоҳҳои биоложикӣ буда ва ба таври комил  онҳоро иҷро мекунад.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён таъкид кард, истодан  канори намояндаи режиме, ки на танҳо қавонини байналмилалиро зери по мегузорад ва ҳуқуқи аввалияи башарро нақз мекунад, балки низоми адами ишоъаи таслеҳоти атомӣ ва созукорҳои халъи силоҳро ба сухра  гирифта ба таври васфнопазире музҳикаи талхест.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ танҳо дорандаи силоҳҳои ҳастаӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст.

Режими саҳюнистӣ бар асоси гузоришҳои мухталиф дорои ҳудуди 300 кулоҳаки атомист, ки метавонад ҷаҳонро ба нобудӣ бикашанд.

Ин режими ишғолгар токунун аз имзои муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаии (Эн Пи Ти - NPT ) сар боз зада ва дар ин замина  ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбиро дорад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи душанбе дар Брюссел бо вазири корҳои хориҷии Исроил Яир Лапид мулоқот карда, ҷиноятҳо ва ӯҳдадориҳои Исроилро ба низоми паҳн накардани силоҳ ва механизмҳои халъи силоҳ нодида гирифт.   Столтенберг дар ин дидор дар изҳороте беасос ва музҳик, Эронро ба амал накардан ба таъаҳҳудоташ дар қиболи муоҳидаи " Эн Пи Ти" ва низ қатъномаи 2231 шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид муттаҳам кард.

Изҳороти беасоси дабири кулли НАТО алайҳи Эрон дар ҳолест, ки ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунун борҳо бар пайбандии Теҳрон ба Барҷом ва сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таъкид кардааст .

Барчасп