Июл 17, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати имом Муҳаммади Боқир (а)

Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи шаҳодати имом Муҳаммади боқир(а), набераи  Паёмбари ислом (с), дар ғам ва мотам аст.

Рӯзи якшанбе 27 тирмоҳи 1400 баробар бо зилҳиҷҷаи 1442 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 18 июли 2021, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии ислом (с) аст.

Лақаби эшон, Боқир ё боқирулулум (шикофандаи улӯм)аст.

Ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) 19 солу 10 моҳ пас аз шаҳодати падари бузургворашон ҳазрати имом Зайналобиддин (а) ба анҷоми вазифаи хатири имомат пардохтанд.

Имом Муҳаммади Боқир (а) дар даврони имомати худ аз нашру таблиғи фарҳанги исломӣ, таалими шогирдон, раҳбарии асҳобу мардум, иҷро кардани суннатҳои ҷади бузургвораш ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни мардум ва мутаваҷҷеҳ кардани дастгоҳи ғосиби ҳукумат ба хати саҳеҳи раҳбарӣ, лаҳзае ғафлат накарданд.

Имом Муҳаммади Боқир (а) саранҷом ҳафтуми зилҳиҷҷаи соли 114 ҳиҷрии қамарӣ дар 57 солагӣ дар Мадина ба василаи Ҳишом ибни Абдулмалик аз хулафои Умавӣ, масмӯм ва ба шаҳодат расиданд.

Мардуми саросари Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) ба сӯг менишинанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имоми Муҳаммади Боқир (а), набераи гаронқадри Паёмбари ислом(с)-ро ба мусулмонони ҷаҳон таслият мегуяд.

 

Барчасп