Ҳимояти раисиҷумҳури мунтахаби Эрон аз тавлиди ваксинаи корона
(last modified Sat, 17 Jul 2021 13:36:35 GMT )
Июл 17, 2021 18:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раисиҷумҳури мунтахаби Эрон аз тавлиди ваксинаи корона

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, бар ҳимояти худ аз тавлиди ваксинаи корона дар дохили кишвар таъкид кард.

Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, имрӯз шанбе бо таъминкунандагону тавлидкунандагони ваксинаи коронаи нишастеро баргузор кард.

Саидиброҳими Раисӣ дар ин нишаст зимни тақдир аз кадри дармон ва бо гиромидошти ёди шуҳадои мудофеи саломат, ки фидокорона дар майдони мубориза бо бемории корона вориди амал шудаанд, гуфт, вурӯди мутахассисони дохилӣ ба арсаи тавлиди ваксинаи корона, ки қобили рақобат бо анвои ваксинаи хориҷӣ бошад, боиси ифтихор аст.

Раисӣ афзуд, имрӯз бо ҳиммати мутахассисони дохилӣ, дониши тавлиди ваксинви корона бумӣ шуда ва бояд густариш ёбад ва давлат ҳам худро муваззаф медонад дар ин замина ҳимоятҳои лозим ва воқеиро анҷом диҳад.

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон ҳимояти амалӣ аз ширкатҳо ва тавлидкунандагони ваксинаи коронаро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, навъи ҳимоятҳо набояд дар ҳадди ҳарф бошад ва давлати сездаҳум зимни диққат ва тасреъ дар судӯри муҷаввизҳои лозим, ихтисоси эътиборот ва буҷетро дар авлавият қарор медиҳад.

Раисӣ бо баёни инки иқдомоти лозим дар заминаи мубориза бо бемории корона бояд бидуни маъталӣ ва бевақфа пайгирӣ шавад, гуфт, бетардид ончӣ токунӯн дар заминаи ваксинатсия анҷом шуда лозим буда, аммо қатъан кофӣ нест ва аъдоду арқоми мавҷӯд низ қонеъкунанда нест.

Раисӣ хотирнишон кард, милок ва меҳвари аслӣ, тавлиди дохилии ваксина ва ҳимоят аз талоши мутахассисони эронӣ дар ин замина аст, ки бояд ба диққат ва суръат, мушкилоту мавонеи мавҷӯд дар ин масир бартараф шавад ва дар канори тавлиди дохил бояд хариди ваксинаи хориҷии муътабар ҳам бо суръат пайгирӣ шавад.

Дар ин ҷаласа, Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, Алиризо Бегларӣ, раиси Институти Пастори Эрон, Муҳаммади Мухбир, раиси Ситоди иҷрои фармони имом Хумайнӣ( раҳ.) ва  Карими Ҳимматӣ, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳузур доштанд.

Бештар бихонед: