Июл 18, 2021 09:43 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби “Моварои марз”

Китоби « Моварои марз » ( ёддоштҳое аз ду моҳи зиндагӣ дар бахше аз Хуросону Мовароуннаҳр, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад ) мунташир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, китоби “Моварои марз”-
ро Эҳсони Сафарзода навиштааст .
Ин китоб дар 220 сафҳа ва бо қимати 36 ҳазор тумон дар ширкати чопу нашри байналмиллалӣ роҳии бозори китоб шудааст .Дар муаррифии ин китоб омадааст : “Моварои марзшарҳи сафарҳо дар шаҳрҳо ва рустоҳое аст, ки дар гузаштаи начандон дур бахше аз Хуросони торихӣ буда, ки ин рӯзҳо Тоҷикистон ном дорад .
Моҷароҳои китоб, ки гоҳе ҳолу ҳавои танз пайдо мекунад дар бархӯрд бо мардумоне шакл мегирад, ки садҳо километр дуртар аз марзҳои Эрон зиндагӣ ва ба гӯйише аз форсӣ суҳбат мекунанд; онҳо худро хешованди эрониҳо медонанд ва аз хотироти муштараке ки дар торих бо мо доштаанд, сухан мегӯянд .Фасли нахусти китоб аз Мазори Шариф дар Балхи Афғонистон шурӯъ мешавад ва пас аз убури нависанда аз рӯдхонаи Ҷайҳун, дар Мовароуннаҳр идома пайдо мекунад ва дубора боз мегардад ва дар ҳаволии рустоҳои ҷануби Тоҷикистон хотима меёбад .
Китоб насри достонӣ ва равон дорад. Нависанда илова бар матн тасовиру нақшаҳоеро ҳам пайваст кардааст, то асарашро барои мухотаб эҳсосшавандатар кунад.

 

Барчасп