Вуруди 11 миллион дозаи ваксинаи корона ба Эрон
Вакили фаннии гумруки Эрон аз ворид шудани 11 миллион доза ваксинаи корона ба кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, " Меҳрдоди Ҷамол Арунақӣ", муовини фаннии гумруки Эрон, рӯзи якшанбе эълом кард, ки то имрӯз беш аз 11 миллион доза ваксинаи корона ворид шудааст ва ҳамаи онҳо аз ҷониби вазорат тасдиқ шудаанд. Ҷамол Арунақӣ дар хусуси раванди воридоти ваксинаи корона афзуд: "Воридоти ваксина, раванди табии худро тай мекунаду гумрук бо ҳамкории Ҳилоли Аҳмар ва ҳайати парасторони арзии Вазорати беҳдошт, дар ҳоли воридоти ваксинаҳои мутаъаддиде ба Эрон аст.
"Муовини фаннии гумруки Эрон ҳамчунин гуфт : Ин ваксинаҳо дар ҳаддиақали замони мумкин аз гумрукоти кишвар тархис шудааст ва таҳвили намояндагон муаррифӣ шуда аз Вазорати беҳдошт шудаанд.
Муовини фаннии гумруки Эрон таъкид кард: Ҳамаи оморҳои марбут ба ваксинаҳо, бар асоси ҳамоҳангиҳои суратгирифта бо Вазорати беҳдошт ба ин вазоратхона супурда шудааст.
Бештар бихонед: