Июл 19, 2021 17:10 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистон ва  Эрон
    Густариши ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистон ва Эрон

Шаҳрдори Рашти Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод, муқаддамоти эъломи бародархондагӣ байни шаҳри Рашти Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба зудӣ фароҳам мешавад.

Ба гузориши воҳиди хабари Мудирияти иртиботот ва умури байналмилали шаҳрдории Рашт, Сайид Муҳаммади Аҳмадӣ, шаҳрдори Рашти Эрон бо баёни ин ки заминаҳои лозим барои эъломи бародархондагӣ байни шаҳри Рашти Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, гуфт: Шаҳрдории Рашт ба зудӣ муқаддамоти иҷрои ин корро фароҳам мекунад.

Шаҳрдори Рашт рӯзи шанбеи гузашта, дар ҷаласаи муштарак бо мақоми дувуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, мудири Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон ва раиси Шӯрои шаҳри Рашт, ки бо ҳадафи баррасии бародархондагии шаҳри Рашти Эрон ва ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон баргузор шуд, изҳор дошт: Эрону Тоҷикистон аз гузаштаҳои дур то кунун собиқаи хубе дар иртибототи дуҷониба доштаанд.

Шаҳрдори Рашт бо баёни ин ки бидуни шак эъломи бародархондагӣ байни шаҳрҳо бархе илзомоти аввалия ба ҳамроҳ дорад, афзуд: Доштани муштаракот дар ҳавзаҳои мухталиф яке аз ин илзомот маҳсуб мешавад, ки ин муҳим байнишаҳри Рашти Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Аҳмадӣ иртиқои равобит бо такя бар асли манофеи муштаракро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт: Мувофиқати Шӯрои шаҳри Рашт бо бародархондагии шаҳри Рашт дар Эрон ва Тоҷикистон арзишманд аст ва шаҳрдорӣ ҳам муқаддамоти иҷрои ин корро бо ҳамоҳангиҳое, ки анҷом хоҳад дод, фароҳам мекунад.

Вай Гелонро нахустин устони кишвар дар тақсимот кишварӣ донист ва бо таъкид бар ин ки Гелон ҳамвора аз аҳамияти хосе бархурдор будааст, эътироф кард: Мардуми Гелон ва шаҳри Рашт дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва илмӣ ҷойгоҳи вижае доранд ва Мирзо Кучаки Ҷангалӣ аз ҷумлаи ифтихороти таърихи муосири ин устон ба шумор меояд.

Шаҳрдори Рашт, кишоварзӣ, саноат ва бахши хадамотро аз меҳварҳои фаъолиятҳои иқтисодии Гелон эълом кард ва гуфт: Гардишгарӣ ҳам аз ҷумлаи мазиятҳои Гелон ба шумор меравад, ки шаҳри Рашт дар ин маврид мавқеияти вижае дорад.

Аҳмадӣ вуҷуди як шаҳри саноатӣ ва як шаҳраки саноатӣ дар шаҳри Раштро ҳам мавриди ишора қарор дод ва изофа кард: Бо вуҷуди тамоми мушкилоте ки мо дар баҳси таъмини маводи аввалия дорем, аммо бо сарлавҳа қарор додани иқтисоди муқовиматӣ тавонистем аз мавонеъ убур кунем.

Вай саноати дастиро аз дигар вижагиҳои шаҳри Рашт эълом кард ва гуфт: Роҳандозии бозорчаҳои арзаи саноати дастӣ (ҳунарҳои мардумӣ ва саноати дастӣ) дар даврони корона каме бо мушкил мувоҷеҳ шудааст, аммо бо беҳтар шудани авзоъ саъй мекунем муқаддамоти ин корро бештар аз гузашта фароҳам кунем.

Шаҳрдори Рашт дар поён хотирнишон кард: Ба эътиқоди ман, тамоми заминаҳо барои эъломи бародархондагии шаҳри Рашти Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон фароҳам аст ва умедворем дар муддати кӯтоҳе ҳам битавонем тавофуқномаву тафоҳумномаи онро бо рӯйкарди иқтисодиву фарҳангӣ таҳия кунем.

 

Тоҷикистону Эрон тамоюли бисёр зиёде ба тавсеаи иртибототи дуҷониба доранд

Мудири Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон низ дар ин ҷаласа гуфт: Пешниҳоди хоҳархондаги (бародаршаҳри)-и устони Гелон бо марказияти шаҳри Рашти Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон метавонад фазое муносибро барои табодулоти фарҳангиву иқтисодӣ фароҳам кунад.

Обиди Акбарӣ афзуд: Равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон дар гузашта равобити хеле хубе буд, ки муттаассифона, дар солҳои ахир каме уфт кард, аммо дар даври ҷадид ҳам давлати Тоҷикистон ва ҳам давлати Эрон тамоюли бисёр зиёде ба тавсеаи иртибототи дуҷониба доранд.

Заминаҳои муштараки фаровоне байни Гелон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад

Нафари дувуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин ҷаласа бо баёни ин ки ба иллати густариши вируси корона мизони мусофиратҳо байни ду кишвар коҳиш пайдо кардааст, афзуд: Иттилооти хубе дар мавриди Гелон ва шаҳри Рашт касб кардем ва мутаваҷҷеҳ шудем, ин устон  дар бисёре аз ҳавзаҳо ҷузви аввалинҳо будааст.

Маъруфҷони Абдураҳмон, забони форсиро фасли муштараки ду миллати Эрон ва Тоҷикистон донист ва гуфт: Зебоиҳову чашмандозҳои шаҳри Рашт қобили тавсиф нест ва байни устони Гелон ва бархе шаҳрҳои Тоҷикистон муштаракоти фаровоне вуҷуд дорад.

Ӯ таҳия ва бастани як пешнавис ва ёддошти тафоҳум барои эъломи бародархондагии шаҳри Рашти Эрон ваяке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро хостор шуд ва афзуд: Дар канори таъсиси утоқи бозаргонии муштарак, бо эҷоди коргурӯҳҳои тахассусӣ, метавонем барои рушду тавсеаи дуҷониба ҳамкории муштарак дошта бошем.

Намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки заминаҳои муштараки фаровоне байни Гелон ва Тоҷикистон, ба вижа аз ҳайси кишоварзӣ вуҷуд дорад, ёдовар шуд: Тавлиди гиёҳони доруӣ, парвариши мурғ, моҳипарварӣ ва саноати дастӣ, аз дигар мавориде аст, ки  Эрон ва Тоҷикистон метавонанд дар он бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

 

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Image Caption

 

Барчасп