Июл 20, 2021 12:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури воҳидҳои шинокунандаи эронӣ дар режаи дарёии Русия
    Ҳузури воҳидҳои шинокунандаи эронӣ дар режаи дарёии Русия

Воҳидҳои шинокунандаи баҳрии стратегии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Паради Рӯзи Флоти Русия дар Санкт-Петербург ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав рӯзи душанбе эълом кард: Адмирал «Ҳусейн Хонзодӣ » фармондеҳи нерӯи баҳрии Эрон дар садри ҳайатии низомӣ ба ҳамроҳи «Козими Ҷалолӣ » сафири Эрон дар Русия дар маросими режаи нерӯи дарёии артиши Русия ( 25 июли 2021 ) дар Санкт-Петербург ширкат хоҳанд кард.

 

Бар асоси ин гузориши адмирал Хонзодӣ дар ҳошияи ин маросим бо мақомоти олирутбаи низомӣ ва дифои Русия ва ҳамтоёни худ аз кишварҳои ширкаткунанда дидор ва мулоқот хоҳад дошт.

Вазири дифои Русия «Сергей Шойгу "низ рӯзи душанбе эълом дошт, ки киштиҳо ва киштиҳои зериобии чанд кишвар, аз ҷумла Эрон, дар режаи Рӯзи Флоти Русия ширкат хоҳанд кард. 

Шойгу бо баёни ин ки дар ин режа 54 киштии ҷангӣ ширкат мекунанд, гуфт: Ин киштиҳо аз Русия ва чанд кишвар дигар хоҳанд буд ва режаи имсол дар муқоиса бо режаи солҳои қабли Рӯзи нерӯии дарёии Русия  бузургтарин режа хоҳад буд.

Вазири дифои Русияи афзуд: Режаи имсол, ки панҷумин режаи нерӯи дарёии Русия дар торихи муосири ин кишвар ( 30 соли пас аз фурӯпошии Шуравӣ )аст дар сесаду бисту панҷумин солрӯзи таъсиси новгони низомии Русия баргузор мешавад.

 

 Ба гуфтаи Шойгу, дар ин режа даҳҳо киштии ҷангӣ, аз ҷумла фрегатҳо аз Эрон, Ҳиндустон ва Покистон, ки дар маҷмӯъ 4000 корманди низомӣ доранд, ширкат меварзанд.

Барчасп