Мавзеи Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи таҳқири Амрико дар Афғонистон
(last modified Tue, 20 Jul 2021 09:43:14 GMT )
Июл 20, 2021 14:43 Asia/Dushanbe
  • Дарки ғалати амрикоиҳо дар Афғонистон муҷиби таҳқири онон шуд
    Дарки ғалати амрикоиҳо дар Афғонистон муҷиби таҳқири онон шуд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, дарки ғалати Амрикоро муҷиби таҳқири ин кишвар дар Афғонистон донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати фаро расидани мавсими Ҳаҷ, бо ишора ба ваъдаи содиқи илоҳӣ дар бораи нусрати муҷоҳидон фармуданд: Нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрикову дигар зӯргӯён аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломӣ аст.

Эшон ҳамчунин бо ёдоварии ҷиноёти Амрико дар бист соли ахир дар Афғонистон гуфтанд: Дарки ғалати амрикоиҳо дар Афғонистон боиси таҳқири онон шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси натоиҷи дарки ғалати Кохи Сафед аз Афғонистон афзуданд: Амрико пас аз ба кор бурдани силоҳу бомбаву оташ дар баробари мардум бедифоъ ва ғайринизомии Афғонистон, худро дар ботлоқи ҳис кард ва маҷбур шуд то нерӯ ва абзори низомии худро аз он берун барад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба идомаи дасисаи Амрико алайҳи кишварҳои минтақа тавсия карданд: Миллати бедори афғон бояд муроқиби абзорҳои иттилоотӣ ва силоҳҳои ҷанги нарми Амрико дар кишвар бошанд ва ҳушёрона дар баробари он биистанд.

Ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, агарчӣ Амрико ба далели фурӯ рафтан дар ботлоқи амалкарди ғалати худ дар Афғонистон, сиёсати хуруҷи низомӣ аз ин кишварро дар пеш гирифтааст, аммо ин хуруҷ ба маънои поёни ҳузури Кохи Сафед дар Афғонистон нест.

Амрико талош дорад пас аз хориҷ кардани низомиёни худ аз Афғонистон, ҳузури иттилоотии худро дар ин кишвар бо ҳадафи таҳаққуқи сиёсатҳову барномаҳои худ, ки дар тазод бо манофеи кишварҳои минтақа аст, ҳифз ва тақвият кунад.

Дар ҳамин росто, Афғонистон илова бар ин ки дар маърази ҷанги иттилоотии Амрико ва истиқрори абзорҳои мавриди назар барои ҷосусӣ дар он кишвар хоҳад буд, бо силоҳҳои ҷанги нарми Кохи Сафед низ мувоҷеҳ мешавад.

Дар чунин шароите аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳушдор додаанд, ки мардуми Афғонистон бояд муроқиби абзорҳои иттилоотӣ ва силоҳҳои ҷанги нарми Амрико бошанд ва ҳушёрона бояд дар муқобили сенарияҳои душманонаи ин кишвар муқовимати ҳушмандона дошта бошанд.

Амрико дар бист соли ҳузури ноком дар Афғонистон на танҳо дар таҳаққуқи ваъдаҳои худ барои муқобилаву маҳори терроризм дар ин кишвар шикаст хурд, балки ба далели иттихози сиёсатҳои ғалати асосёфта бар якҷонибагароӣ, ҳазорон нафар аз мардуми ғайринизомии Афғонистонро дар амалиёти заминиву ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ ба хоку хун кашонд.

Ба ҳамин далел аст, ки илова бар ниҳодҳои ҳуқуқи башарии Афғонистон, ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар низ хостори расидагӣ ба ҷиноёти ҷангии Амрико дар ан кишвар ҳастанд.

Ба гуфтаи Fatou Bensouda, додситони Девони ҷиноятии Байналмилалӣ, иттилооте дар бораи нерӯҳои низомӣ ва иттилоотии Амрико дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки нишон медиҳанд, онон муртакиби аъмоли шиканҷа, рафторҳои бераҳмона, беэҳтиромии афрод, таҷовузу хушунати ҷинсӣ алайҳи зиндониёни муртабит бо ҷанг дар Афғонистон ва дигар манотиқ ва ба таври умда дар солҳои 2003 ва 2004 шудаанд.

Агарчӣ Амрико дар талош аст то худро аз ботлоқи шикастҳои пай дар пай дар Афғонистон, бо хориҷ кардани низомиёни худ аз ин кишвар наҷот диҳад, аммо ин тасмим ба маънои шурӯи шакли тозае аз ҳузури Амрико дар Афғонистон дар қолаби ҷанги иттилоотӣ ва ҷанги нарм дар ин кишвар аст, ки паёмадҳое ба маротиб хатарноктар аз ҳузури низомӣ дорад.

 

Бештар бихонед: