Июл 20, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Эрон ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия

Сухангӯи гумруки Эрон аз афзоиши содироти кишвар ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия хабар дод.

Саидрӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, дар соли гузашта (2020) бо вуҷӯди буҳрони корона ва ҷанги Қарабоғ, содироти Эрон ба ҷумҳурии Озарбойҷону Русия афзоиш ёфт.

Латифӣ афзуд, бо тавваҷуҳ ба сиёсати тавсеъаи равобити иқтисодии Эрон бо кишварҳои ҳамсоя бар асоси манофеи муштарак, бо вуҷӯди буҳрони корона ва таваққуфи фаъолияти тиҷорӣ дар аксари марзҳои кишвар, содирот ба ҷумҳқрии Озарбойҷону Русияи афзоиш пайдо кард.

Ба гуфтаи Латифӣ, дар соли гузашта (1399) беш аз як миллиону 51 ҳазор тон коло ба арзиши 504 миллиону 575 ҳазор доллар ба Русия содир шуд, ки 604 ҳазору  587 тони коло, ки 57 дарсади кулли содироти Эрон ба Русия буд аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин кишвар содир шудааст.

Сухангӯи гумруки Эронафзуд, бо вуҷӯди буҳрони корона ва маҳдӯдиятҳои ношӣ аз он дар соли гузашта (2020) содирот нисбат ба соли қабл аз он (2019) беш аз 14 дарсад дар вазн ва ҳудуди 10 дарсад дар арзиши колоҳои содиротии Эрон ба Русия рушд доштааст.

 

Барчасп