Июл 22, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, охирин омори корона дар кишварро эълом кард.
    Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, охирин омори корона дар кишварро эълом кард.

Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, охирин омори корона дар кишварро эълом кард.

Маркази равобити умумӣ ва итилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар иттилоъияе эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз ( панҷшанбе ) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 20 ҳазору 313 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки ду ҳазору 287 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд. Бар ин асос, маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар кишвар ба се миллиону 623 ҳазору 840 нафар расид.

Ин иттилоъия меафзояд, муттаассифона дар тӯли 24 соати гузашта, 226 бемори Ковиди 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 88 ҳазору 63 нафар расид.

Маркази равобити умумӣ ва итилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон тасреҳ кард: Хушбахтона токунун се миллиону 204 ҳазору 136 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп