Июл 22, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи \
    Намоишгоҳи \"Эрони зебо\" панҷуми мурдодмоҳ ва дар панҷумин рӯз аз оғози бозиҳои олимпик ба мизбонии Ҷопон дар сафорати Эрон дар Токио гушоиш меёбад.

Намоишгоҳи "Эрони зебо" панҷуми мурдодмоҳ ва дар панҷумин рӯз аз оғози бозиҳои олимпик ба мизбонии Ҷопон дар сафорати Эрон дар Токио гушоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намоишгоҳи « Эрони зебо » ба манзури муаррифии ҳунарҳои суннатӣ, мероси фарҳангӣ, табиӣ ва мустанади Эрон дар ҳошияи олимпик аз 5 то 15 мурдодмоҳ ва ба муддати 10 рӯз дар маҳалли сафорати Эрон дар Токио, пойтахти Ҷопон баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ бо ҳузури мақомоти аршади варзишии Эрон ва Томас  Бах, раиси комитети байналмилалии олимпӣк ва раиси Комитети миллии олимпики Ҷопон гушоиш ёфта ва дар он аз таблуфарши олимпики ҳунари дасти ҳунарманди эронӣ, рӯнамоӣ мешавад.

Ин бозиҳо ба далели шуюъи вируси корона бо як сол таъхир аввали мурдодмоҳи 1400 ( 23 июли 2021 ) дар 33 ришта ва 399 мода ба мизбонии Ҷопон баргузор мешавад.

Ҷопон пеш аз ин мизбони олимпики 1964 будааст.

Барчасп