Июл 26, 2021 09:02 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати босаодати Имом Алии Нақӣ (а) муборак бод!
    Солрӯзи валодати босаодати Имом Алии Нақӣ (а) муборак бод!

Рӯзи 15-уми зулҳиҷҷа соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, ба 26 июли соли 2021 баробар аст, солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Алӣ Нақӣ (а), имоми даҳуми шиаён ва аз наводагони Расули гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом  Алии  Нақӣ ( а ) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва таҳти роҳнамоиҳои падари бузургвораш Имом  Ҷавод ( а ) қарор гирифтанд ва баъд аз реҳлати падар, ӯҳдадори имомату раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд.

Аз алқоби машҳури Имом Алии  Нақӣ ( а ), «Ҳодӣ » ба маънои ҳидоят кунанда аст.

Имом Ҳодӣ ( а ) дар муаррифии исломи ростин талоши бисёр карданд ва бо баргузории ҷаласоти мутаъаддиде дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ  ва иҷтимоӣ ба суолоту шубҳаҳои матраҳшуда посух доданд.

Ҷамъи касире аз бузургони илму адаб назди Имом  Алии ан-Нақӣ (а ) гирд меомаданд ва аз дарёии бекарони дониши он ҳазрат баҳра мебурданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросони,  фарорсидани солрӯзи валодати ҳазрати Имом  Алии  Нақӣ ( ъ )-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а ) табрик мегӯяд.

Барчасп