Июл 28, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми шабакаҳое акз авомили Мосад дар Эрон; ҳушёрии ҳофизони амният
    Инҳидоми шабакаҳое акз авомили Мосад дар Эрон; ҳушёрии ҳофизони амният

Бо расад ва назорати иттилоотӣ - амалиётии нерӯҳои амниятии Эрон, шабакае аз авомили Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Мосад) ба ҳамроҳи маҳмулаи вазнини силоҳ ва муҳиммот пас аз вурудс ба нуқтаҳои марзии ғарбии кишвар боздошт шуданд.

Мудири кулли зидди ҷосусии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки авомили Мосад қасд доштанд аз ин таҷҳизот дар ҷараёни иғтишошоти шаҳрӣ ва террор баҳрабардорӣ кунанд; тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ дар мақтаи баргузории интихобот низ дар чанд навбат қасди анҷоми иқдомоти харобкорона дар нуқоти мухталифи кишвар дошт, ки бо иқдом ба мавқеи нерӯҳои амниятии Эрон аз анҷоми ин харобкориҳои террористӣ ҷилавгирӣ ба амал омаду зарбаи корӣ ба шабакаи террористии Мосад дар минтақа ворид шуд.

Ба гуфтаи мудири кулли зидди ҷосусии Вазорати иттилооти Эрон; Ба ин силоҳҳо таппончаҳо, норинҷакҳо, Винчестер, таппончаҳо ва лавозимоти ҷангӣ дохил мешаванд, ки баъзеи онҳо, ба монанди Винчестер ва норинҷак, барои фурӯ нишондани эътирозҳо истифода мешаванд.

Баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ, фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи  Амрико - режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаи онон сурат гирифтааст. Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико; фишори ҳаддиаксарии амниятӣ бар зидди Эрон шакл гирифт. Дар ин таҳаррукот, байни Исроил, Амрико ва Англис  ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад. Намунаи ошкори ин фаъолиятҳо; нақши мустақими сервисҳои ҷосусӣ дар террори донишмандони ҳастаии Эрон дар чанд сол гузаштааст.

«Ювоф Лимур» коршиноси низомии режими саҳюнистӣ дар ёддоште дар рӯзномаи «Исроил Ҳаём» Israelи Hayom бо ишора ба даст  доштани Мосад дар иқдомоти харобкорона ва террористӣ алайҳи Эрон аз ҷумла террори шаҳид " Муҳсини Фахризода " донишманди ҳастаии Эрон мегӯяд; он чӣ дар ин солҳо шоҳиди он будем тағйири рӯйкардест, ки "Мосад " тайи як даҳаи гузаштаи баъд аз террори " Маҳмуди ал-Мабҳуҳ " аз раҳбарони Ҳамос дар Дубай сурат дод ва тасмим гирифт бо коҳиши рискпазирии аносури аслии худ ба дунболи истифода аз муздурон ба ҷои маъмурон шавад.

Ин коршиноси низомӣ ва амниятии саҳюнист тасреҳ кард, ки ин иқдомот бидуни вуҷуди пӯшиши ҳимоятии давлати Амрико муяссар намешавад.

Тибқи гузоришҳои мустанад; шабакаи ҷосусии Амрико ба марказияти идораи иттилооти марказии Амрико " СИЁ " CIA бо ҳамоҳангии " Мосад " дар солҳои ахир  фаъолияти худро барои расидан ба аҳдофи барандозона ва эҷоди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ дар даруни марзҳои Эрон афзоиш додааст.

Иқдомоти харобкорона, ҷосусӣ ва зиддиамниятии Амрико ва Исроил ба шеваҳои мухталиф, аз ҷумла нуфузи мустақими авомил ва аносури ҷосус, додани кумакҳои молӣ ба манзури истифода аз гурӯҳҳои маъонид ва истифодаи аз афроди фиребхӯрда барои эҷоди ошӯбҳои хиёбонӣ ва ташдиди ҷанги равонӣ анҷом мешавад. Дар мувоҷеҳ бо ин тавтеаҳо, иқдомоти дастгоҳҳои амниятии Эрон барои хунсо кардани таҳаррукоти душман густарда буда ва заработи воридшуда ба ин шабакаҳо низ бисёр қавӣ ва муассир будааст.

Дастгирии саркардаи гурӯҳаки террористии " ал-Низол " масъули ҳамлаи террористии хунини 31 шаҳривари соли 1397 ( 22 сентябри 2018 ) Аҳвоз, ки таҳти ҳимояти мустақими сервисҳои иттилоотии Арабистон ва режими саҳюнистӣ қарор дорад;  инҳидоми шабакаи бузурги қочоқ ва силоҳу муҳимот дар устони Албурз; дастгирии 5 тими ҷосусӣ; ҳамчунин дастгирии саркардаи гурӯҳи террористии "Тундар ", ки аз Амрико  амалиёти мусаллаҳона ва харобкорона дар Эронро ҳидоят мекард; танҳо бахше азамалиёти дастгоҳҳои амниятии кишвар дар заминаи мубориза бо тероризм дар солҳои ахир аст.

Дастгирии аносури нуфузӣ ва террорист ва инҳидоми шабакаҳои ҷосусӣ ва гурӯҳҳои харобкор, ки аз ҷониби сервисҳои амниятии кишварҳои ғарбӣ; Исроил ва бархе кишварҳои арабии мавриди ҳимоят ҳастанд, дарвоқеъ нишонаи ҳушёрии ҳофизони амнияти кишвар ва иқтидори Эрони исломӣ дар баробари тавтеаҳои душманон аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп