Июл 28, 2021 19:23 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи чаҳоршанбеи 28 июл эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи чаҳоршанбеи 28 июл эълом шуд

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 303 нафари дигар дар ин кишвар бар асари мубтало шудан ба Ковид -19 хабар дод.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: “Дар шабонарӯзи гузашта 303 нафар бар асари Ковид- 19 фавт карданд, ки ба ин тартиб маҷмӯи қурбониёни корона дар кишвар ба 89 ҳазору 782 нафар расид”.

Ҳамчунин дар шабонарӯзи гузашта 33 ҳазору 817 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба се миллиону 792 ҳазору 14 нафар расид.

То кунун се миллиону 310 ҳазору 163 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳои Эрон мурраххас шудаанд.

Ҳамчунин то кунун 8 миллиону 848 ҳазору 936 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва ду миллиону 558 ҳазору 802 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 11 миллиону 407 ҳазору 738 доза расидааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп