Ташвиқкунандаи вижаи тимҳои эронӣ дар мусобиқоти тобистонаи Токио + видео
(last modified Wed, 28 Jul 2021 15:50:01 GMT )
Июл 28, 2021 20:50 Asia/Dushanbe

Дидори тимҳои баскетболи Эрон ва ҷумҳурии Чехия агарчӣ дар варзишгоҳи холӣ аз тамошогари Сайтамаи Ҷопон баргузор шуд, аммо баскетболистҳои эронӣ як тамошогари вижа доштанд, ки онҳоро бо ҳаяҷони хосе ташвиқ мекард.

Ин хонум Самиро Асғарӣ, узви тими миллии баскетболи Афғонистон ва ҳамчунин ҷавонтарин узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ аст, ки барои баргузории ҳамоише дар ҷараёни рақобатҳои олимпӣ дар Ҷопон ҳозир шуда ва аз он ҷо ки ба варзиши Эрон алоқа дорад, тасмим гирифт дар майдони баргузории ин дидор ҳозир шавад то баскетболистҳои миллипӯши эронӣ эҳсоси ғарибӣ накунанд.

Дар ин мусобиқа тими баскетболи Эрон бо ҷумҳурии Чехия ба рақобат пардохт ва дар аввалин бозии худ дар олимпии 2020 бо натиҷаи наздики 84 бар 78 мағлуб шуд.

 

Бештар бихонед: