Теъдоди рӯзонаи қурбониёни корона дар Эрон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш
-
Намудори мубтало шудан ба корона дар Эрон ҳамчунон афзоишист
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 366 нафари дигар дар ин кишвар бар асари мубтало шудан ба Ковид 19 хабар дод.
Вазорати беҳдошти Эрон якшанбе эълом кард, 366 нафар дар 24 соати гузашта бар асари мубтало шудан ба корона фавт карданд ва маҷмуи фавтиҳо ба 90 ҳазору 996 нафар расид.
Ин вазорат ҳамчунин гузориш дод: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 32 ҳазору 511 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва маҷмуи беморон ба се миллиону 903 ҳазору 519 нафар расид”.
Бар асоси ин гузориш, дар Эрон токунун се миллиону 385 ҳазору 195 нафар аз беморон беҳбудёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин эълом кард, 9 миллиону 925 ҳазору 603 нафар низ дозаи аввали ваксинаи корона ва ду миллиону 741 ҳазору 979 нафар дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмуи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 12 миллиону 667 ҳазору 582 доза расид.
Бештар бихонед: