Ҳадаф аз таҳримҳои зиддиэронӣ аз нигоҳи вазири нафти Эрон
Вазири нафти Эрон гуфт, ҳадаф аз ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон на фурӯпошии иқтисоди кишвар, балки фурӯпошии низом буд.
Ба гузориши ИРНА, Бежани Зангана, вазири нафти Эрон рӯзи душанбе дар нишасти раиси ҷумҳурӣ бо мудирони аршади давлати тадбиру умед, бо баёни ин ки содироти фаровардаҳои нафтӣ дар ин давлат қобили муқоиса бо давраи пешини таҳримҳо набуд, афзуд: “Дар давраи таҳримҳои гузаштаи мо барои содироти рӯзона беш аз як миллион бушка нафти хом муофият доштем, аммо дар ин давра на барои нафти хом ва на барои фаровардаҳои газӣ ва на барои фаровардаҳои нафтӣ ҳатто як бушка ва як тон ҳам муофият надоштем”.
Зангана таъкид кард: “Аз ибтидои таҳримҳо мушаххас буд, ки дар сурати таҳримҳо солона 50 миллиард доллар касрии тарози бозаргонии хориҷӣ меоварем, дар ин муддат беш аз 100 миллиард доллар нафт нафурӯхтем ва аз фурӯши нафти мо ҷилавгирӣ карданд ва он чиро, ки фурӯхтем, ба далели мушкилоти ҳазинаҳои мубодила, бо даромади камтаре ба даст оварадем”.
Вай гуфт: “Ҳадаф аз ҷанги иқтисодӣ, фурӯпошӣ иқтисод набуд, балки фурӯпошии низом буд”.
Бештар бихонед:
- Иддаои Амрико дар бораи лағви бахше аз таҳримҳои тиҷории Эрон
- Арзиши 40 миллиарддолларии колоҳои содиротии Эрон дар шароити таҳрим