Раҳбари инқилоб: Мардум посухи қотеъ ба тавтеаи таҳрими интихобот доданд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии Саидиброҳими Раисӣ таъкид карданд, ҷобаҷоии ороми давлатҳо нишонаи вуҷуди ақлоният ва оромиш дар Эрон аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар ин маросим гуфтанд: “Маъмулан дар бисёре аз кишварҳо ин ҷобаҷоӣ бо кашмакаш анҷом мешавад. Инҷои Алҳамдулиллоҳ бо оромишу амният анҷом мешавад. Ин давра ҳам ба фазли илоҳӣ ҳаминтавр буд. Ҳам нишонаи ақлонияту оромиши умумии ҳоким бар кишвар ва масъулин ва мардум аст ва ҳам нишонаи танаввуи сиёсист. Давлатҳое, ки даст ба даст кардаанд қудратро, гароишҳои мухталифи сиёсӣ доштаанд. Табъан ин танаввуъ нишонаи озодии интихобот ва саломати он аст”.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зимни ташаккур аз ҳузури мардум ва низ аз баргузоркунандагони интихобот, ки саломат ва амнияти интихоботро таъмин карданд, афзуданд: “Аз сӯи душманон як тавтеа барои таҳрими интихобот тарроҳӣ шуда буд, дар дохил ҳам бархе аз рӯи ғафлат баъзе ҳам шояд аз рӯи ғараз ин сиёсатро дунбол мекарданд. Мардум посухи қотее доданд ва ширкат карданд. Ширкати мардум бо таваҷҷуҳ ба авзоъ ва аҳволе, ки вуҷуд дошт, ширкати хубе буд ва нишондиҳандаи ҳузури мардум дар арса буд”.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин гуфтанд: “Хушбахтона дар баёноти раисҷумҳури муҳтарам ҷаноби оқои Раисӣ дар таблиғоти интихоботӣ такя бар арзишҳои асосии инқилоб мукаррар анҷом гирифт, ин масири дурустест ва тавсияи муваккади мо ин аст, ки ҳамин масирро идома диҳанд”.
Бештар бихонед: