Август 03, 2021 09:08 Asia/Dushanbe
  • Маросими танфизи сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурии исломии Эрон, имрӯз

Маросими танфизи ҳукми сездаҳумини давраи раёсатҷумҳурии исломии Эрон, имрӯз бо ҳузури раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз масъулон ва коргузорони низом дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) баргузор мешавад.

Ин маросим бо риояти дастуруламалҳо ва шеваномаҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад ва аз соати 10:30 субҳ ба сурати зинда ва мустақим аз шабакаҳои садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон ва KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавад.

Дар ин барнома Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон, гузорише аз раванди баргузории интихоботи 1400 ироа мекунад ва пас аз қироати матни ҳукми танфизи Саидиброҳими Раисӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп