Раҳбари муаззами инқилоб: Рӯзи интихобот рӯзи миллати Эрон аст
(last modified Fri, 18 Jun 2021 04:47:27 GMT )
Июн 18, 2021 09:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Рӯзи интихобот рӯзи миллати Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи интихоботро рӯзи миллати Эрон донистанд ва афзуданд: Имрӯз майдондору саҳнагардони аслӣ мардум ҳастанд, ки бо ҳузур дар пойи сандуқҳои раъй ва бо додани раъй, дар воқеъ таклифи куллӣ ва асосии кишварро барои солҳои оянда муайян мекунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ соати 7 субҳи имрӯз (ҷумъа) ба вақти Теҳрон, бо ҳузур дар маҳалли сандуқи сайёри 110 дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (раҳ), дар сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто, интихоботи миёндавраии панҷумин давраи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ширкат карданд ва раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар суханоне рӯзи интихоботро рӯзи миллати Эрон хонданд ва гуфтанд: Имрӯз майдондору саҳнагардони аслӣ мардум ҳастанд, ки бо раъйи худ сарнавишт ва таклифи куллӣ ва асосии кишварро барои солҳои баъд муайян мекунанд, бинобарин имрӯз мутааллиқ ба мардум аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: Бар асоси ин воқеият, хиради инсонӣ ҳукм мекунад ҳама дар ин озмуни бузурги миллӣ ва саросарӣ ширкат кунанд ва иллати даъвати мукаррари мо аз мардум барои ҳузур дар интихобот низ ин аст, ки дар дараҷаи аввал худи мардум аз ин ҳузур нафъ мебаранд ва ҷумҳурии исломӣ низ имтиёзоти бузурге дар арсаи байналмилалӣ ба даст меоварад.

Эшон раъйи якояки мардумро дорои аҳамият донистанд ва гуфтанд: Ҳама биёед, ташхис ва раъй бидиҳед ва ҳеч кас нагӯяд бо як раъйи ман иттифоқе намеуфтад, зеро ҳамин такраъйҳо аст, ки орои миллионии миллатро ташкил медиҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба тавсияи ҳамешагии худ, яъне суръат бахшидан дар раъй додан, хотирнишон карданд: Ҳар чӣ зудтар бо нияти худоӣ ва савоб ин вазифаву таклифро анҷом диҳед, беҳтар аст.

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто, интихоботи миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ аз соати 7 субҳи имрӯз (ҷумъа) дар саросари Эрон оғоз шудааст.

Ҳамчунин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ҳамзамон дар 101 кишвар ва 450 шуъба дар хориҷ аз Эрон баргузор мешавад.