Раисӣ : Паёми раъйи мардум дар интихоботи таҳаввулхоҳӣ ва адолатталабӣ буд
Раиси ҷумҳӯрии Эрон дар маросими савгандёди худ таъкид кард: Паёми раъйи мардум дар интихоботи таҳаввулхоҳӣ ва адолатталабӣ буд.
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон имрӯз панҷшанбе дар маросими савгандёди худ дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Паёми раъйи мардум дар интихоботи 28 хурдод таҳаввулхоҳӣ ва адолатталабӣ буд.
Раисӣ афзуд : Мудофеъи воқеии ҳуқуқи башару ҳуқуқи инсон ҳастем .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон ҳамчунин гуфт : Тулӯъи инқилоби исломӣ дар Эрон фасли навине аз озодӣ, мушорикати сиёсӣ ва мардумсолорӣ дар таърихи кишварамон ба сабт расонид .
Раисӣ тасреҳ кард : Қонӯни асосии Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба унвони мисоқи миллӣ дар асли шашум ҳамаи ниҳодҳои ҳокимиятиро маҳсӯли иродаву раъйи мардум донистааст .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон ҳамчунин гуфт : Мардум барои паймудани масири нӯронии инқилоб азми росих доранд ва паёми раъйи мардум дар интихоботи 28 хурдод паёми таҳаввулхоҳӣ ва адолатталабӣ буд .
Раисӣ хотирнишон кард : Сукут дар баробари зулм, ҷинояту таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳои бегуноҳ ва бедифоро қабул надорем .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон тасреҳ кард : Зулму ҷиноят чӣ дар қалби Аврупо ва Амрико бошад чӣ дар Африқо ва чӣ дар Яману Сурияу Фаластин дар канори мазлӯм хоҳем буд ва дар дохил ҳам мардуму ҷавонони ин марзу бӯм мехоҳанд, ки садои мустазъафин ва валенеъматони инқилоб бошем .
Раисӣ тасреҳ кард : Ба ҳузури мардум дар саҳна ва ҳамдилӣ ва ҳамкории қувои сегона, ниҳодҳои инқилоби исломӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ ниёз дорем .
Раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард : Бо тавваҷуҳ ба шароити вижаи кунунӣ, давлат, маҷлис ва қувваи қазоия мебоист беш аз пеш бо якдигар ҳамроҳӣ ва таъомул дошта бошанд ва дар масири хизмат ба мардум аз ҳеч фурсате дареғ нанамоянд .
Раисӣ гуфт : Мардум мехоҳанд нишоти миллӣ ва шӯри иҷтимоиро дар ҷомеъа бигустароним ва давлати бархоста аз иродаи миллат барои таъмини манофеъи мардум ва иҷрои адолат хоҳад истод ва дар ин масир хастагинопазир ба пеш хоҳад рафт.
Раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард : Таҳримҳо алайҳи миллати Эрон бояд лағв гардад ва аз тарҳи дипломатие ки ин ҳадафро амалӣ кунад, ҳимоят хоҳем кард .
Раисӣ гуфт : Ҷумҳӯрии исломии Эрон миллатҳои ҳамсояро хешованди худ медонад .
Бештар бихонед :