Ғарибободӣ : Эрон дар содироти нафт маҳдудияте намепазирад
(last modified Fri, 06 Aug 2021 11:11:28 GMT )
Август 06, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ : Эрон дар содироти нафт маҳдудияте намепазирад

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Вена таъкид кард: Эрон ҳеч маҳдудиятеро дар тавлиду содироти нафти худ намепазирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена бо интишори тветте навишт : Эрон ҳамвора яке аз аъзои фаъолу муҳими ОПЕК буда ва ҳаст бо ин ҳол мо ҳамвора гуфтаем, ки Эрон бо оддӣ шудани шароит ҳеч маҳдудеятиро дар тавлиду содироти нафти худ намепазирад. Ин мавзӯъ  як тасмими миллӣ аст на тасмиме, ки аз роҳи талошҳои муштарак гирифта шавад .
Шоёни зикр аст Михаил Улянов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена ибрози умедворӣ кард,ки Эрон аз талошҳои ОПЕК плюс барои ҳифзи субот дар бозори нафт пас аз лағви таҳримҳо алайҳи Теҳрон ҳимоят кунад.
Улянов дар Тветтери худ навишт : Умедворам Эрони пас аз лағви таҳримҳо ва бозгардондани содироти нафти худ ба талошҳои ОПЕК плюс  барои ҳифзи суботи бозори нафт ҳамроҳ шавад .