Август 06, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани марзи Эрону Афғонистон дар минтақаи Сиистон

Марзи Эрону Афғонистон дар минтақаи Сиистон баста шуд.

Муовини амниятии интизомии устондори Сиистон ва Балучистони Эрон гуфт: Марзи Эрон ва Афғонистон дар маҳдудаи замини Сиистон ба далели кашида шудани даргириҳои кишвари Афғонистон ба шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯз, ҳаммарз бо устони Сиистон ва Балучистон баста шуд.

Муҳаммадҳодии Маръаши изҳор дошт: Шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзи Афғонистони шаби гузашта то марҳалаи суқут пеш рафт, ба тавре ки тақрибан бахши умдаи он тавассути Толибон тасарруф шуд, ки бо расидани нерӯҳои кумакӣ, афроди гурӯҳи Толибон ақибнишинӣ карданд.

Муовини амниятии интизомии устондори Сиистон ва Балучистони Эрон бо баёни ин ки ҳаминак шароит дар марз ором аст, гуфт: Барои ҳифзи манофеи миллӣ нерӯҳои артиш, марзбонӣ ва интизомии устон комилан дар марзу пули Абрешим мустақар ва таҳаррукоти эҳтимолиро расад мекунанд.

Маршаъи афзуд: Ҳамчунин 270 комюни эронӣ, ки дар Афғонистон буданд ва иттилооти онҳо аз тариқи созмони роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷоддаии устон дода шуда буд, ба кишвар бозгардонида шуданд.

 

Бештар бихонед: