Август 07, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Амалиёти шамшери Қудс нишонгари ҷаҳише азим дар мубориза бо ишғолгарон аст

Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар дидори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос гуфт: Амалиёти шамшери Қудс нишон дод, ҷаҳише азим дар мубориза бо ишғолгарон бавуҷуд омадааст.

Саидиброҳими Раисӣ асри рӯзи ҷумъа дар дидори Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос, бо ташаккур аз нигоҳи умедофарини вай дар бораи озодсозии Қудс ва поёни ишғоли Фаластин гуфт: Имрӯз нишонаҳои пирӯзии бузурги ҷарёни муқовимат зоҳир шуда ва амалиёти шамшери Қудс яке аз нишонаҳои ин пирӯзӣ буд.

Доктор Раисӣ пирӯзии амалиёти шамшери Қудсро боиси умедвории дӯстону ноумедии душманони ҷарёни муқовимат тавсиф кард ва изҳор дошт: Муҳимтарин паёми ин пирӯзӣ ин буд, ки назарияи муқовимат дар Фаластин ҷавоб дода ва хоҳад дод.

Исмоил Ҳания низ дар ин дидор бо баёни инки ҳомили паёми табрик ва дуруди миллати муқовим ва мазлуми Фаластин дар тамоми нуқоти Фаластин ва ҷаҳон барои оятуллоҳ Раисист, хотирнишон кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ва имом Хумайнӣ (р) аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ ба масъалаи Фаластин иҳтимоми ҷиддӣ доштаанд.

раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос таъини рӯзи ҷаҳонии Қудсро аз муҳимтарин ва мондагортарин иқдомоти ҷумҳурии исломӣ донист ва гуфт: Эрон пас аз 43 сол аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар масири ҳимоят аз ормони Қудс собитқадам монда ва бо вуҷуди тавтеаҳои бешуморе, ки Эронро иҳота карда, то аз ормони озодии Фаластин даст бардорад, ҳамчунон аз ин ормон даст накашида ва пирӯзии шумо дар интихоботи ахир низ гувоҳи дигаре бар суботи қадами миллати Эрон дар ҳимоят аз ормони озодии Қудс аст.

Исмоил Ҳания бо баёни инки нек медонем, бисёре аз мавозеи хасмонаи Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе кишварҳои дигар алайҳи Эрон ношӣ аз ҳимоят аз ҷунбишҳои муқовимат ва напазируфтани нақшаҳои Амрико барои Фаластин аст, изофа кард: Ҷунбиши Ҳамос дар баробари сиёсатҳои хасмонаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар канори бародарони худ дар ҷумҳурии исломӣ истодааст.

 

Барчасп