Имом ҷумъаи Наҷафи Ашраф: Миллатҳои мусулмон Эронро танҳо намегузоранд
Имом ҷумъаи Наҷафи Ашраф дар хутбаҳое дар бораи замзамаҳои ҷангафрӯзии Амрико, Британия ва режими саҳюнистӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки Эрон ҷуз дар баробари Худо сар хам намекунад ва миллатҳои мусулмон низ алайҳи Эрон дар канори мутаҷовизон нахоҳанд истод.
Ба гузориши Ирно, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саидсадриддини Алқабонҷӣ ба таҳдидҳои ахири Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар вокуниш ба иддаои ҳамла ба каштии исроилӣ ишора ва таъкид кард: Ҷанг дар минтақа ба суди ҳеч кас нест, зеро ин минтақа шарёни тағзиякунандаи нафти ҷаҳон аст.
Им Имом ҷумъаи Наҷафи Ашраф гуфт: Ба Амрико, Исроил ва Британия ҳушдор медиҳем, ки миллатҳои мусулмон (дар баробари ҷангафрӯзӣ алайҳи Эрон) сокит нахоҳанд монд ва бо онҳо (мутаҷовизон) нахоҳанд буд.
Ширкати “Зодиак Меритайм” мутааллиқ ба Аёл Уфер, миллиардери саҳюнист, ҳаштуми мурдод моҳ дар баёнияе эълом кард: Каштии “Мерсер Стрит”, таҳти моликияти Исроил дар дарёи Уммон ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст.
Дар паи ин ҳамла, Нафтали Беннетт, нахуствазири режими саҳюнистӣ бидуни ироаи ҳечгуна мадраке дар исботи иддаои худ, рӯзи якшанбе муддаӣ шуд: Иттилооти амниятӣ, ки дар даст дорем, нишон медиҳад Эрон ба каштии исроилӣ ҳамла кардааст.
Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар посух ба иддаоҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи Эрон гуфт, ин бори аввал нест, ки режими саҳюнистӣ аз ин иттиҳомот матраҳ мекунад, ин иттиҳомот дар чорчуби лобии иҷораӣ ва шинохташудаи режими ишғолгари Қудс дар Амрикост.