Паёми табрики раҳбари Ҳизби шиаёни Покистон ба раисҷумҳури исломии Эрон
(last modified Sat, 07 Aug 2021 09:19:16 GMT )
Август 07, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раҳбари Ҳизби шиаёни Покистон ба раисҷумҳури исломии Эрон

Дабири кулли “Маҷлиси ваҳдати муслимин”-и Ҳизби пешрави шиаёни Покистон таи паёме интихоби Саидиброҳими Раисиро ба унвони раисҷумҳури ҷадиди ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт ва нисбат ба оғози марҳалаи ҷадиде барои тавсеаи равобити бародаронаи ду кишвар ибрози итминон кард.

Ба нақл аз Ирно, Носир Аббоси Ҷаъфарӣ рӯзи ҷумъа афзуд: Итминон дорем, равобити бародаронаи Эрону Покистон дар давраи давлати сездаҳум дар масири боландагии бештар ва густариши муносибот дар ҳавзаҳои мухталиф қарор хоҳад гирифт.

Вай афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ва Покистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя ва наздик ба якдигар аз манофеъ ва нигарониҳои муштараке бархурдор ҳастанд ва ҳамзамон фурсатҳои арзишманде ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, фанноварӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, дифоӣ ва амниятӣ вуҷуд дорад.

Раҳбари Ҳизби шиаёни Покистон афзуд: Қудратҳои шарури фароминтақаӣ ҳамвора дарсадади тавтеа алайҳи равобити бародаронаи Эрон ва Покистон ҳастанд.