Август 07, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, 387 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар фавт карданд.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз шанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта, 387 бемори Ковид 19  фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳо ба 93 ҳазору 473 нафар расид.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гузориш дод, дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 26 ҳазору 439 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 4 миллиону 119 ҳазору 110 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш, токунӯн се миллиону 515 ҳазору 263 нафар аз беморон, беҳбӯд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гузориш дод, 26 миллиону 399 ҳазору 374 озмоиши ташхиси Ковид - 19 дар кишвар анҷом шудааст.

Вазорати беҳдошт эълом кард, токунӯн 12 миллиону 125 ҳазору  829 нафар дози аввали воксани корона ва се миллиону 7 ҳазору  981 нафар низ дози дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи воксанҳои тазриқ шуда дар Эрон ба 15 миллиону 133 ҳазору 810 доз расид.

Бештар бихонед:

Барчасп