Август 09, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Эрон бар гуфтугӯ миёни тарафҳои афғонӣ таъкид дорад

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар умӯри байналмиллал бар гуфтугӯ миёни гурӯҳҳои афғонӣ таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  Ҳусайни Амирабдуллоҳиёнастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар умӯри байналмиллал дар дидори Жан Арно- намояндаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умӯри Афғонистон зимни ташреҳи дидгоҳҳои Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар хусӯси таҳаввулоти Афғонистон ва минтақа гуфт : Ҷумҳӯрии исломии Эрон бар музокироти байни афғониҳо бо ҳузури ҳамаи тарафҳо таъкид дорад .

Амирабдуллоҳиён таъмини амнияти мардум дар дохили Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз мавҷи муҳоҷирон ба сӯии марзҳоро муҳим хонд ва бар зарурати ваҳдати миёни ҳамаи тарафҳо таъкид кард .
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар умӯри байналмиллал бар нақши Созмони Миллал дар эҷоди сулҳу амният дар Афғонистон таъкид кард ва афзуд : Ҷумҳӯрии исломии Эрон аз ибтикороти Созмони Миллал дар ҳалли буҳрони Афғонистон ҳимоят мекунад .
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин нисбат ба адами иқдоми фаъоли Созмони Миллал дар қиболи таҳаввулоти ахири Афғонистон интиқод кард .Мудири кулли умӯри байналмиллали Маҷлиси шӯрои исломии Эрон хотирнишон кард : Иқдомоти ғайримасъулонаи амрикоиҳо ва осори рафтории ишғолгарон мушкилоти мардуми ранҷдидаи Афғонистонро чандин баробар кардааст .

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард : Мо набояд дар идомаи бемасъӯлиятии Амрико шоҳиди иқдомоти кунду ороми Созмони Миллал бошем.
Жан Арно-намояндаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умӯри Афғонистон дар идомаи ин дидор нақши ҳамсоягон ба вижаи Эронро дар ҳалли муноқишоти Афғонистон қобили тавваҷуҳ донист ва гуфт : Бояд ҳамфикрии байналмиллалии мустаҳкамтаре дар хусуси масъалаи Афғонистон эҷод шавад ва ин мавзӯъ зарурати ҳимояти кишварҳои ҳамсояро металабад .

 

Барчасп