Дидори вазирони умури хориҷаи Эрону Ироқ дар Теҳрон
(last modified Tue, 10 Aug 2021 11:27:40 GMT )
Август 10, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Эрону Ироқ дар Теҳрон

Вазирони умури хориҷаи Эрону Ироқ дар Теҳрон бо якдигар дидор ва ройзанӣ карданд.

Фуод Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ, имрӯз (сешанбе) ба манзури дидор бо мақомоти Эрон, вориди Теҳрон шуд ва бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтгӯ кард.

Дар ин дидор равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ ва ройзанӣ қарор гирифт.

Пешбинӣ мешавад, тибқи бархе аз гумоназаниҳо, вазири хориҷаи Ироқ дар ҷараёни ин сафар даъватномаи мақомоти аршади ин кишвар барои ҳузури Эрон дар нишасти байналмилалии Бағдодро ба мақомоти Теҳрон ироа кунад.

Дар рӯзҳои ахир, бархе аз расонаҳои арабӣ эълом карданд, ки қарор аст Ироқ аз раисиҷумҳури Эрон барои мушорикат дар нишасти байналмилалии Бағдод даъват кунад.

Кишвари Ироқ қарор аст, нишаст байналмилалӣ бо ҳузури бархе кишварҳои минтақаӣ ва ғарбӣ дар авохири моҳи ҷории милодӣ баргузор кунад.

Бештар бихонед: