Эҳдои парчамҳои мутабаррики Остони Қудси Разавӣ ба азодорони ҳусайнӣ дар саросари дунё
Муовини умури байналмилалии Созмони илмӣ ва фарҳангии Остони Қудси Разавӣ эълом кард, барои маҳофилу маҷолиси азодории моҳи муҳаррам дар саросари дунё парчамҳои мутабаррики Остони Қудси Разавӣ ирсол шудааст.
Муҳаммади Зулфақорӣ гуфт, ҳамзамон бо фаро расидани айёми моҳи муҳаррам ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн(а) алоқамандон ба хонадони Паёмбари гиромии Ислом(с) дар саросари дунё маросими азои имом Ҳусейн(а)-ро баргузор мекунанд.
Зулфақорӣ афзуд, бисёре аз шефтагони хонадони Паёмбари гиромии Ислом(с), мехоҳанд то азни азои имом Ҳусейн(а) -ро аз маконе муқаддас ҳамчун ҳарами нуронии Разавӣ дарёфт ва азодориҳои худро бо номи ҳазрати Ризо (а) оғоз кунанд.
Ба гуфтаи Зулфақорӣ, дар остонаи фарорасидани айёми даҳаи аввали моҳи муҳаррам, Остони Қудси Разавӣ бо ҳадафи тавсеаи маорифи Разавӣ ва посухгуӣ ба эҳсосоти поку холисонаи дӯстдорони хонадони Паёмбари гиромии Ислом(с), эҳдои парчамҳои азои имом Ҳусейн(а)-ро ба бархе аз таҷаммуот дар гушаву канори дунё дар дастури кор қарор додааст.
Муовини умури байналмилалии Созмони илмӣ ва фарҳангии Остони Қудси Разавӣ афзуд, имсол низ ҳамонанди солҳои гузашта, ҳамзамон бо фаро расидани айёми сӯгворӣ ва азодории имом Ҳусейн(а) ва Ошӯрои ҳусайнӣ парчамҳои мутабаррик ба бархе аз кишварҳо ва марокизи исломӣ, аз ҷумла кишвари Лубнон ва бархе аз таҷаммуоти мухталиф дар Аврупо ирсол мешавад ва зинатбахши маҷолису маҳофили азодории имом Ҳусайн (а) дар ин кишварҳо хоҳад шуд.