Кашфи беш аз як тон маводи мухаддир дар ҷануби шарқи Эрон
(last modified Wed, 11 Aug 2021 06:19:47 GMT )
Август 11, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз як тон маводи мухаддир дар ҷануби шарқи Эрон

Фармондеҳи интизомии Систон ва Балучистони Эрон аз аз кашфи беш аз як тон маводи мухаддир дар ин устон хабар дод.

Сардор Аҳмади Тоҳирӣ, фармондиеҳи интизомии Систон ва Балучистон рӯзи сешанбе бо ишора ба иҷрои тарҳи шиносоӣ, муқобила ва инҳидоми бондҳои таҳия ва тавзеъи маводи мухаддир дар Систону Балучистони Эрон, гуфт, маъмурони идораи амалиёти вижаи полиси мубориза бо маводи мухаддири устон ва шаҳристонҳои Эроншаҳр ва Хош дар амалиёте ҳамоҳанг як бонди қочоқи маводи мухаддирро шиносоӣ ва муталошӣ карданд.

Вай афзуд, дар ин амалиёт як тону панҷ килогарм маводи мухаддир кашф ва як қочоқчӣ низ дастгир шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди шароити таҳримӣ бо кашфу забти беш аз 950 тон дар яксоли гузашта бештарин мизони кашфиёти маводи мухаддир дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.