Август 12, 2021 09:06 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Узвияти Эрон дар СҲШ ниҳоӣ мешавад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз ниҳоӣ шудани узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) хабар дод.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар твитте навишт: Соате қабл, дар гуфтугӯ бо дӯст ва ҳамкорам ҷаноби оқои Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, таҳаввулоти Афғонистон, Сурия ва халиҷи Форсро баррасӣ кардем.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон афзуд: Хушбахтона, мавонеи сиёсӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ бардошта шуда ва бо тайи ташрифоти фаннӣ, узвияти Эрон ниҳоӣ хоҳад шуд. 

 

Бештар бихонед: 

Барчасп